Ссылки доступа

Трамп гуфт, ҳамаи санадҳои марбут ба "дахолати Русия"-ро оммавӣ мекунад


Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи сешанбе гуфт, дастур додааст, махфӣ будани ҳамаи санадҳое бекор карда шавад, ки ба тафтишоти дахолати Русия дар интихоботи президентии Амрико дар соли 2016 рабт доранд.

Дар ин бора Трамп дар Твиттер хабар дод. "Ба ошкорсозии комили ҳамаи санадҳое дастур додам, ки ба бузургтарин ҷинояти сиёсӣ дар таърихи Амрико, фиреби русӣ рабт доранд. Ин ба моҷарои почтаи электронии шахсии Ҳилларӣ Клинтон (рақиби демократи Трамп дар интихоботи соли 2016) низ дахл дорад", - навишт ӯ.

Трамп тафтишотеро "фиреби русӣ" меномад, ки Бюрои федеролии тафтишотии Амрико барои таҳқиқи робитаи намояндагони ситоди интихоботии ӯ бо масъулони ниҳодҳои давлатии Русия дар моҳи июли соли 2016 оғоз карда, соли 2019 ба поён расонида буд.

Дар натиҷаи ин тафтишот маълум шуд, ки Русия ба хотири дахолат ба интихоботи президентии Амрико ҳамлаҳои кибериеро анҷом додааст. Вале фарзияи созиши атрофиёни Трамп бо русҳо тасдиқи худро наёфт.

Трамп ва ҷонибдоронаш бар инанд, ки кормандони баландпояи Хадамоти махсуси Амрико ба хотири ба ҳам задани номзадии ӯ бидуни асосҳои кофӣ тафтишоти мазкурро оғоз карданд. Ба гуфтаи президенти ИМА, оммавӣ сохтани санадҳо ҳақ будани ӯро тасдиқ мекунад.

XS
SM
MD
LG