Ссылки доступа

Эътирозгарони Бишкек талаб доранд, "сиёсатмадорони куҳна" соҳиби қудрат нашаванд


Субҳи 7 октябр дар назди Хонаи ҳукумат дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон гирдиҳамоӣ барпо шуд. Ба навиштаи расонаҳо, ҷамъомадагон талаб доранд, ки "сиёсатмадорони куҳна" ба қудрат роҳ дода нашаванд.

Онҳо ба вижа аз таъйин шудани Содир Жапаров ба мақоми сарвазирии Қирғизистон норозӣ ҳастанд.

Дар ин гирдиҳамоӣ иддае пешниҳод карданд, ки соҳибкори ҷавон Тилек Токтоғозиев, номзади ҳизби "Ота Макон" ба мақоми вакилӣ дар интихоботи ахири порлумонӣ раиси ҳукумати муваққат таъйин шавад.

Ширкатдорони гирдиҳамоӣ худро намояндагони ҷавонон муаррифӣ карда, ҳамзамон манъи иштироки сиёсатмадорони ҳукумати пешинро дар қудрат талаб доранд.

Рӯзи 6 октябр гуруҳе аз вакилони порлумони Қирғизистон бо баргузор кардани ҷаласаи ғайринавбатӣ сарвазир Қубодбек Боронов, сарвазири кишварро ба истеъфо фиристоданд ва Содир Жапаровро ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сарвазир таъйин карданд. Жапаров шаби 6 октябр аз зиндон озод шуд. Номзадии вай ба мақоми сарвазирӣ баҳсҳоеро дар ҷомеаи Қирғизистон ба бор овард.

Ба иттилои вазорати тандурустии Қирғизистон, дар бетартибиҳои шаби 5 ба 6 октябр дар шаҳри Бишкек 768 кас маҷруҳ ва 1 кас кушта шудааст.

Эъломи натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябр боиси гирдиҳамоии ҳизбҳои сиёсӣ дар майдони марказии шаҳри Бишкек шуд. Пирӯзии ҳизбҳои наздик ба ҳукумати Қирғизистон боиси норозигии аҳзоби мухолифи ҳукумат шуд.

Шаби 5 ба 6 октябр эътирозгарон Кохи сафед ва биноҳои мақомоти қудратиро ғасб ва президенти пешини он кишвар Алмосбек Отамбоев, вакили пешин Содир Жапаров ва чанд сиёсатмадори дигарро аз зиндон озод карданд.

XS
SM
MD
LG