Ссылки доступа

Дар Қирғизистон буҳрони сиёсӣ идома дорад (видео)


Дар Қирғизистон буҳрони сиёсӣ баъди эътирозҳо зидди натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ идома дошта, дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки қудратиҳои ин кишварро кӣ идора мекунад, сарвазири амалкунанда кӣ аст ва президент Сооронбой Ҷеенбеков дар куҷо мебошад.

Дар шаҳри Бишкек як қатор ниҳодҳои идорӣ (шӯроҳои ҳамоҳангсоз) ташкил шудааст. Эътирозҳои оммавӣ ва талошҳо барои ғасби ширкатҳои саноатӣ ва тиҷорие идома дорад, ки онҳоро ихтиёриёни мардумӣ муҳофизат менамоянд.

Натиҷаҳои интихоботи порлумонии 4 октябр баъди ғасби бинои порлумон, дафтари раёсатҷумҳурӣ ва бинои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз сӯи эътирозгарон бекор карда шуд. Сарвазири ин кишвар ба истеъфо рафт.

Як гуруҳи вакилони даъвати пешини порлумон сиёсатмадори мухолиф Содир Жапаровро сарвазир эълом карданд, вале қисме аз нерӯҳои сиёсӣ розӣ нестанд. Мегӯянд, дар ҷаласае, ки сарвазир таъйин шуд, аксарияти вакилон иштирок надоштанд. Мухолифони Жапаров шӯрои ҳамоҳангсози худро ташкил карданд, ки ба он намояндагони чанд ҳизб шомил аст. Ахиран шӯрои ҳамоҳангсози дигар низ ташкил шудааст.

Дар маркази шаҳри Бишкек 7 октябр зидди сарвазир таъйин шудани Жапаров тазоҳурот баргузор шуд.

Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков дар куҷо қарор дорад. Сухангӯи ӯ мегӯяд, президент дар Бишкек аст. Худи Ҷеенбеков баъди ҳаводиси ахир ду бор изҳорот дод, вале дар мазҳари ом зоҳир намешавад. Вай пойфишорӣ дорад, ки истеъфо намедиҳад ва президенти қонунӣ аст.

Феълан тартиботро дар шаҳри Бишкек ихтиёриёни мардумӣ таъмин менамоянд.

Эътирозҳои оммавӣ дар Бишкек 5 октябр, баъди эъломи пирӯзии чаҳор ҳизби наздик ба президент дар интихоботи порлумонӣ оғоз шуданд. Дар натиҷаи бетартибиҳо беш аз 700 нафар осеб дида, як кас ҷон бохт.

XS
SM
MD
LG