Ссылки доступа

Дар Узбекистон на ҳама мубталоёни COVID-19 доруи ройгон дарёфт мекунанд


Вазорати тандурустии Узбекистон 7 октябр бо нашри як изҳорот гуфт, беморони мубтало бо коронавирус ё COVID-19 дар ин кишвар бо доруҳои ройгон таъмин ҳастанд. Вале наздикону пайвандони мубталоён ин иддаоро рад мекунанд.

Вазорати тандурустии Узбекистон мегӯяд, барои табобати мубталоёни коронавирус дар ин кишвар ҷамъан ба маблағи 24 миллиард сӯм (беш аз 2 миллион доллар) дору захира шудааст. Ба иттилои манбаъ, то ба ҳол 300 ҳазор қуттии доруҳои гуногуни зиддивирусӣ ба дармонгоҳҳо дода шудааст, то ба беморон тақсим кунанд.

Аз ҷумла, чанде пеш 15 ҳазор моя доруи "Ремдесивир" ва 17 ҳазор дона доруи "Фавипиравир" ба беморон ройгон дастрас карда шудааст.

Вазорат ҳамчунин афзуда, ки бо дастури президент фурӯши доруҳои "Ремдесивир" ва "Фавипиравир", ки дар табобати коронавирус зиёд истифода мешаванд, таҳти назорати қатъӣ қарор додааст.

Вале дар натиҷаи як таҳқиқот маълум гашт, ки "Ремдесивир" ҳоло дар дорухонаҳои Узбекистон тақрибан мавҷуд нест ва наздикони беморон онро аз шахсоне, ки "захира кардаанд", бо нархи 1 миллиону 700 ҳазор сӯм (165 доллар) мехаранд.

Баъзе аз корбарони узбек дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки ин доруро бо нархи 3 миллион сӯм (290 доллар) ҳам харидаанд.

Ҳамчунин наздикону пайвандони беморон ва табибон мегӯянд, доруҳои ройгон асосан ба мубталоёне дода мешавад, ки дар ҳолати вазнин қарор доранд ё санҷиши вирусашон мусбат баромадааст.

Дар Узбекистон то 7 октябр расман 59 ҳазору 788 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуда, дар ҳоли ҳозир 2 ҳазору 728 кас дар беморхонаҳо табобат мегиранд.

XS
SM
MD
LG