Ссылки доступа

Ба фаъолони маданӣ дар шаҳри Алмато иҷозаи баргузории гирдиҳамоӣ надоданд


Ҳукумати шаҳри Алматои Қазоқистон ба фаъолони маданӣ иҷозат надод, ки дар яке аз майдонҳои шаҳр ба ҷонибдорӣ аз ислоҳоти сиёсӣ ва қатъи таъқибҳои сиёсӣ гирдиҳамоӣ баргузор кунанд.

Бахитҷон Торегожин ва Галим Агелеуов - ду фаъоли маданӣ аз шаҳри Алмато тасмим доштанд, рӯзи 24 октябр гирдиҳамоӣ баргузор кунанд. Аммо мақомоти шаҳри Алмато имрӯз, 8 октябр тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба дархости фаъолон посухи рад доданд.

Шаҳрдории Алмато гуфтааст, эҳтимол дорад, дар ин гирдиҳамоӣ тарафдорони ҳаракаи мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" ширкат варзанд.

Фаъолони маданӣ бо ин изҳороти шаҳрдорӣ розӣ нестанд ва рад кардани дархостро табъизи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ аз сӯи мақомот унвон мекунанд.

XS
SM
MD
LG