Ссылки доступа

Ҳамоҳангсози сохторҳои қудратии Қирғизистон бо намояндаи СММ мулоқот кард


Рӯзи 8 октябри соли 2020 иҷрокунандаи вазифаи котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон, ҳамоҳангсози сохторҳои қудратии Қирғизистон Омурбек Суваналиев бо ҳамоҳангсози доимии барномаҳои СММ дар Қирғизистон Озонниа Ожиело мулоқот кард.

Ду ҷониб вазъи Қирғизистонро баррасӣ кардаанд. Ба гуфтаи Суваналиев, гуруҳҳои иғвогар талоши шиддат додани вазъи Қирғизистонро доранд.

"Сарфи назар аз ин, нерӯ ва василаи сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ барои назорати вазъ кофист. Сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ аз сиёсат ҷудо ҳастанд", - гуфт Суваналиев.

Дар айни замон ягона ниҳоди ҳуқуқии Қирғизистон Шӯрои амният аст, ки идораи ҳамаи ниҳодҳои қудратиро дар даст гирифтааст.

"Вазъ душвор аст. Ҳизбҳои сиёсӣ гирдиҳамоӣ барпо мекунанд ва наметавонанд, ба созиш расанд. Ҳукумати пешин мегӯяд, аз қудрат нарафтааст ва фаъолиятро идома медиҳад. Президент мегӯяд, вай роҳбари қонунӣ аст. Аммо ҳоло ягона мақоми қонунӣ Шӯрои амният аст", - гуфт Суваналиев.

Озонниа Ожиело нигаронии СММ-ро дар робита ба вазъи пешомада дар Қирғизистон баён кард ва гуфт, ки Созмон омода аст, барои пойдории вазъи иҷтимоиву сиёсӣ кумак расонад.

Вай гуфт, дабири кулли СММ Антониу Гутерриш аз вазъи Қирғизистон огоҳ аст ва хоҳони ҳарчи тезтар берун рафтан аз ин вазъ аст.

Эъломи натиҷаҳои интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябр ва пирӯзии ҳизбҳои наздик ба ҳукумат боиси гирдиҳамоии ҳизбҳои мухолиф дар майдони марказии шаҳри Бишкек шуд. Ин ҳамоиши эътирозӣ ба задухурд миёни сокинон ва кормандони пулис анҷомид.

Дар натиҷа шаби 5 ба 6 октябр эътирозгарон Кохи сафед ва биноҳои мақомоти қудратиро ғасб ва президенти пешини он кишвар Алмосбек Отамбоев, вакили пешин Содир Жапаров ва чанд сиёсатмадори дигарро аз зиндон озод карданд. Дар бораи ҳамла конҳои тилову ангишт дар минтақаҳои Қирғизистон ҳам хабарҳо пахш шуд.

XS
SM
MD
LG