Ссылки доступа

Президенти Қирғизистон гуфт, омодааст, аз мақомаш истеъфо диҳад


Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков гуфт, "ҳар вақте кишвараш ба масири қонунӣ баргардад" омодааст, аз мақоми худ истеъфо диҳад.

Матни паёми Ҷеенбеков ба қирғизистониҳо шаби 8 ба 9 октябр дар сомонаи расмии ӯ нашр шуд. Президенти Қирғизистон афзудааст, ки "вазъи сиёсии кишвараш ба нуқтаи буҳронӣ расидааст". "Барои эътидоли вазъи ба вуҷуд омада гомҳои зеринро бояд бардошт. Бекор кардани натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ. Ҳоло бояд интихоботи нави порлумонӣ эълом шавад. Қарор дар ин бораро бояд Комиссияи марказии интихоботӣ қабул кунад. Ин чораҳо ташаннуҷи кунунии сиёсиро коҳиш медиҳанд", - изҳор доштааст Ҷеенбеков.

Ӯ ҳамчунин илова кардааст, "сарвазир ва аъзои ҳукумате, ки то буҳрон фаъолият мекарданд, ба истеъфо фиристода шаванд, то барои таъйини мансабдорони нав асоси қонунӣ фароҳам гардад".

Ба гуфтаи Ҷеенбеков, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон бояд амнияти вакилони порлумони ин кишварро таъмин созанд, то онҳо тавонанд вазифаҳои худро иҷро кунанд.

"Барои ман ягон мансаб болотар аз якпорчагии давлат, иттиҳоди мардум ва оромии ҷомеа нест. Мо бояд ҳар чи зудтар вазъро ба маҷрои ҳуқуқӣ баргардонем. Ҳар вақте раҳбарони қонунии ниҳодҳои иҷроияи давлатӣ таъйин шуданду кишвар ба масири қонунӣ баргашт ман омодаам аз мақоми президентӣ истеъфо диҳам", - гуфтааст ӯ.

Ин дар ҳолест, ки президенти Қирғизистон пештар ҳаводиси ахири кишварашро "талоши ғасби қудрат" арзёбӣ мекард.

Ёдрас мешавем, эътирозгарон зидди натиҷаҳои интихоботи порлумонии Қирғизистон шаби 5 ба 6 октябр бинои порлумон ва дафтари раёсатҷумҳуриро ғасб карданд. Президент Ҷеенбеков аз мазҳари ом нопадид шуд, вале хадамоти матбуотии ӯ пайваста аз номаш изҳорот нашр ва ҳар бор таъкид мекунад, ки президент дар Бишкек аст.

XS
SM
MD
LG