Ссылки доступа

Бонки ҷаҳонӣ афзоиши фақрро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пешбинӣ мекунад


Иқтисодҳои дар ҳоли рушди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба бадтарин навъи таназзул, баъд аз буҳрони соли 2008 ба ин тараф, ҳаракат доранд. Дар ин бора дар як гузориши Бонки ҷаҳонӣ зикр шудааст.

Иқтисоди минтақаи Осиёи Марказӣ дар соли ҷорӣ 4,4 дарсад коҳиш хоҳад ёфт, омадааст дар ин гузориш, ки рӯзи 7 октябр ба нашр расид. Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2021 рушди иқтисоди минтақаро дар сатҳи 1,1 то 3,3 дарсад пешбинӣ кардааст.

"Дар чунин шароити начандон сода кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ бояд ба барқароршавии устувори баъди вабо омода шаванд. Ин маънои мудирияти ҷиддӣ, беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва мусоидат ба рушди навовариву рақамиро дорад. Махсусан, сармоягузорӣ ба сифати таҳсилот ва табобат аҳамияти зиёд дорад", - гуфтааст Анна Берде, ноиб-президенти Бонки ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Таназзуле, ки дар пайи вабои коронавирус дар соли ҷорӣ ба миён омад, боиси афзоиши фақр дар ҳамаи кишварҳои минтақа шуд, омадааст дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ. Ба иттилои ин созмон, эҳтимол дорад, аз 2 то 6 миллион сокини дигар зери хати фақр қарор гиранд.

XS
SM
MD
LG