Ссылки доступа

Нурсултон аз Бишкек хост, амнияти қазоқистониҳо ва ширкатҳои онҳоро таъмин кунад


Вазорати умури хориҷии Қазоқистон шаби панҷшанбе бо нашри изҳороте аз Бишкеки расмӣ даъват кард, барои таъмини амнияти шаҳрвандони ин кишвар ва ширкатҳои қазоқӣ дар Қирғизистон чораҳои таъхирнопазир андешад.

Дар изҳороти вазорат дар бораи "ҳамла ва кушишҳои ғасби ширкатҳои марбут ба сармоягузорони қазоқӣ" гуфта шудааст.

"Ҳолатҳои таҳдиди хушунати ҷисмонӣ нисбат ба кормандон - шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон ва расонидани осеб ба моликияти ин ширкат нигаронии хосро ба бор овардааст", - омадааст дар изҳорот.

Ин изҳороти Вазорати умури хориҷии Қазоқистон дар пасманзари буҳрони сиёсӣ дар Қирғизистон ва хабари қатъи корҳо дар як қатор ширкатҳои истихроҷи тило дар ноҳияҳои Алабукину Терек-Сайи вилояти Ҷалолободи он кишвар нашр шуд.

Хабаргузориҳои Қазоқистон 8 октябр иттилоъ доданд, ширкати қазоқии "KAZ Minerals Bozymchak", ки кони тилоеро дар Қирғизистон коркард мекард, фаъолияти худро боз дошта, кормандонашро ба ҷои бехавф кӯчонид.

Ёдрас мешавем, эътирозгарон зидди натиҷаҳои интихоботи порлумонии Қирғизистон шаби 5 ба 6 октябр бинои порлумон ва дафтари раёсатҷумҳуриро ғасб карданд. Дар бораи ҳамла ба конҳои тилову ангишт дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар низ хабарҳо нашр шуд.

XS
SM
MD
LG