Ссылки доступа

Путин ба қатъи даргириҳо дар Қарабоғи Куҳӣ даъват кард


Президенти Русия Владимир Путин даъват кард, ки даргириҳо дар минтақаи Қарабоғи Куҳӣ бо "далелҳои башардӯстона" барои табодули асирон ва ҷасади кушташудаҳо қатъ карда шавад. Дар ин бора сомонаи Кремл иттилоъ дод.

Ин даъвати Путин баъди силсила гуфтугӯҳои телефонии ӯ бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев садо дод.

Путин ҳамчунин вазирони умури хориҷии Озарбойҷон ва Арманистонро барои машварат бо миёнаравии вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ба Москва даъват кард.

Дар шаҳри Женева 8 октябр машварат барои ҳалли низои Қарабоғи Куҳӣ бо ҳамраисии гуруҳи Мински Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (Русия, Фаронса ва ИМА) баргузор шуда, дар он вазири умури хориҷии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамов иштирок дошт.

Вазорати умури хориҷии Озарбойҷон дирӯз гуфт, даргириҳо қатъ нахоҳанд шуд. Президент Алиев низ такрор кард, гуруҳи Минск замоне барои баррасӣ чизе хоҳад дошт, ки Арманистон ҷадвали берун бурдани қисмҳои худ аз Қарабоғро пешниҳод кунад.

  • Вазъ дар Қарабоғи Куҳӣ субҳи 27 сентябр якбора шиддат гирифт. Дар ин минтақа амалиёти низомӣ шуруъ шуд. Дар Арманистону Озарбойҷон вазъи низомӣ эълом гардид. Ҳар ду кишвар аз талафоти ҷонӣ ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандонашон хабар медиҳанд ва ҳамдигарро дар ташдиди вазъ айбдор мекунанд.

    Низоъи Озарбойҷону Арманистон бар сари Қабароғи Куҳӣ аз охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад. Минтақаи мазкур, ки бештари бошандагонаш арманӣ ҳастанд, дар соли 1991 эълом кард, ки аз Озарбойҷон ҷудо ва мустақил мешавад. Аммо ҳеч кадом давлати дунё ин минтақаро эътироф накард.

XS
SM
MD
LG