Ссылки доступа

Ширкати канадагӣ дар чоҳҳои нафти Бухоро $1 млрд сармоягузорӣ мекунад


Ширкати Condor Petroleum-и Канада хабар дод, ки омода аст, дар панҷ чоҳи нафти вилояти Бухорои Узбекистон бештар аз 1 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад.

Дар ин бора сафири Узбекистон дар Канада Ҷавлон Ваҳобов иттилоъ дод. Ба гуфтаи сафир, муҳлати амалисозии тарҳи сармоягузорӣ солҳои 2021-2024-ро дар бар мегирад. Ширкати канадагӣ ҳамчунин хабар додааст, ки коркарди чоҳҳои газро бо навтарин дастгоҳҳову абзорҳо ба роҳ мемонад.

"Condor Petroleum" соли 1994 таъсис шуда, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Амрикои Шимоливу Ҷанубӣ, Индонезия, Либиё, Ангола ва Туркия фаъолият кардааст.

XS
SM
MD
LG