Ссылки доступа

Дар таркиши "Маркази муолиҷаи Covid-19"-и Узбекистон дасти кам як кас ҷон бохтааст


Covid-центр в Гулистане, где произошел взрыв.

Дар натиҷаи таркиши зарфи кислород дар "Маркази муолиҷаи Covid-19"-и шаҳри Гулистони Узбекистон дасти кам як нафар ба ҳалокат расидааст. Ин хабарро дар Раёсати тандурустии вилояти Сирдарё низ тасдиқ карданд.

Вале дар шабакаҳои иҷтимоии узбекӣ менависанд, ки дар натиҷаи таркиш "даҳ одам ҷон бохтааст". Дар пайи таҳқиқоти бахши узбекии Радиои Озодӣ маълум шуд, ҷасади ду нафареро ҳам ба наздиконашон супурдаанд, ки рӯзи ҳодиса дар маркази мазкур буданд.

Наздикони Г.Б., сокини 43-солаи маҳаллаи "Тинчилик"-и Ховоси Сирдарё мегӯянд, он рӯз баъди се соат аз рух додани таркиш ба онҳо аз бемористон занг зада гуфтаанд, ки хешашон даргузаштааст.

"Сардухтури марказ хабар дод, ки хешатон даргузаштааст. Ман гуфтам, чи хел ӯ фавтидааст, ки дирӯз суҳбат кардем, хуб буд. Сардухтур посух дод, ки дар марказ фоҷеа рух додааст ва хоҳиш кард, ки рафта ҷасадро гирем. Дар ҷасад ҳеч гуна осори захме набуд. Зоҳиран, сабаби марг қатъ шудани дастгоҳи нафаси сунъӣ аст", - изҳор дошт яке аз наздикони Г. Б.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, вақте онҳо ба сардхона рафтанд, даҳ ҷасади дигар дар рӯи фарш хобида буданд. "Манзараи мудҳишеро дидам. Дар рӯи фарш ҳудуди даҳ ҷасад хобида буд. Одамон бо навбат ба сардхона даромада, ҷасади пайвандонашонро мегирифтанд", - афзуд ӯ.

Чанд сокини Сайҳун ҳам хабар доданд, ки дар натиҷаи таркиш дар "Маркази муолиҷаи бемории коронавирус"-и Гулистон як ҳамсояи 28-солаашон ҷон бохтааст.

Вале як табиби маркази мазкур ба шарти ифшо нашудани номаш ба бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар натиҷаи таркиш ду бемор ҷон бохтааст ва номи яке аз онҳоро "Валерий" номид.

Субҳи 7 октябр дар маркази муолиҷаи вабои коронавирус дар шаҳри Гулистон як зарфи кислород таркид. Ба иттилои расмӣ, дар ин ҳодиса як кас кушта шуда, даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштааст.

Шоҳидон гуфтанд, дар натиҷаи таркиш шишаи биноҳои атрофи марказ низ рехтаанд.

В результате взрыва в ковид-центре в Гулистане выбиты окна зданий в радиусе 1 км
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:29 0:00
Загрузить файл

XS
SM
MD
LG