Ссылки доступа

Дар Қазоқистон як озмоишгоҳи маводи мухаддири сунъиро ошкор карданд


Дар Қарағандаи Қазоқистон пулис озмоишгоҳеро ошкор кард, ки ба истеҳсоли маводи мухаддири сунъӣ машғул буд.

Ба иттилои пулис, дар оғози моҳи ҷорӣ марде боздошт шудааст, ки бо худ 1 кг маводи мухаддири сунъӣ дошт. Пулис ба кофтукови манзили марди боздоштшуда рафт ва дар манзили вай озмоишгоҳи маводи мухаддирро пайдо кард.

Аз ин озмоишгоҳ бештар аз 5 кг маводи мухаддири дигар пайдо шуд. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Марди гумонбарро аз 10 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG