Ссылки доступа

Додситонии Узбекистон фасодкориро дар соҳаи синамо таҳқиқ мекунад


Додситонии кулли Узбекистон ҷой доштани "азхудсозӣ ва дуздии маблағҳоро дар ҳаҷми ниҳоят калон тавассути исрофкории буҷа" дар ҷараёни наворбардории филми "Ман - Ҷалолиддин" ва 13 филми дигар таҳқиқ мекунад.

Бино ба иттилои додситонӣ, 11 сентябр бо моддаи "Дуздӣ тавассути азхудсозӣ ва ё исрофкорӣ" нисбати чанд тан аз кормандони Оҷонси миллии "Узбеккино" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Саида Мирзиёева, духтари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 3 октябр гуфт, ки таҳияи филми "Ман - Ҷалолиддин" аз сӯи бонки хусусии Узбекистон "Orient Finans Bank" сармоягузорӣ шудааст.

Филми "Ман - Ҷалолиддин" ба ҳаёти Ҷалолиддин Мангубердӣ, лашкаркаши хоразмшоҳӣ, ки бо Чингизхон ҷангидааст, бахшида шудааст.

Мақомоти Узбекистон мегӯянд, миллиардҳо сӯм тавассути ширкатҳое амсоли "Best organaizer", "Мирзаахмедов М.М", "Fox music cinema", "Ravshan Norboyev Pictures", "The first group", "Dishon Media" ва "Эмто Студиа-5" ғорат шудааст.

XS
SM
MD
LG