Ссылки доступа

COVID ва "илтиҳоб" дар Қазоқистон: 108 ҳолати гирифторӣ ва 4 ҳолати марг дар як рӯзи охир


Дар як рӯзи охир дар Қазоқистон 74 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ва 34 ҳолати гирифторӣ ба "илтиҳоби шабеҳ" коронавирус сабт шудааст.

Вазорати тандурустии Қазоқистон рӯзи 12 октябр хабар дод, ки дар рӯзи якшанбе се ҳолати марг аз коронавирус ва як ҳолати дигари марг аз "илтиҳоби шабеҳ ба коронавирус" сабт шудааст.

Аз миёнаҳои моҳи март ба ин тараф дар Қазоқистон 108 ҳазору 831 ҳолати гирифторӣ ва 1768 ҳолати марг аз коронавирус сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG