Ссылки доступа

Парокандасозии эътироз дар Минск: даҳҳо зарардида, 500 боздоштшуда (видео)


Дар эътирозҳои рӯзи якшанбе дар Белорус 586 кас боздошт шуд, ки аз ин ҳисоб 500 кас ба шаҳри Минск рост меояд. Миёни боздоштшудаҳо бештар аз 40 тан рӯзноманигор ва аккос буданд. Дар ин бора маркази ҳимояи ҳуқуқи "Весна" хабар медиҳад.

Зидди эътирозгарон дар шаҳри Минск аз мошинҳои обпош, норинҷакҳои садодор, гази ашковар ва дигар васоил истифода карданд. Дар посух эътирозгарон сӯи пулис зарфи плостик ва санг партоб карданд.

Шоҳидон аз зарар дидани даҳҳо эътирозгар хабар медиҳанд.

Дар давоми ду моҳи баргузории эътирозҳо бори аввал буд, ки пулис дар шаҳри Минск ба роҳпаймоӣ муқобилати сахт нишон дод.

Эътирозгаронро дар шаҳрҳои дигари Белорус: Брест, Витебск, Могилев, Гродно, Молодечно, Жлобин, Кобрин ва Бобруйск низ боздошт карданд.

Сарфи назар аз муқовимати пулис, ҳазорон эътирозгар тавонист, ки дар кӯчаҳои шаҳр роҳпаймоӣ кунад.

Дар Белорус ҳудуди ду моҳ инҷониб эътирозҳо идома доранд. Эътирозҳо баъди он оғоз шуд, ки Кумисюни марказии интихоботи Белорус дар интихоботи президентии 9-уми август Александр Лукашенкоро баранда эълон кард.

XS
SM
MD
LG