Ссылки доступа

Вакилони порлумони Қирғизистон барои баррасии буҳрони сиёсӣ гирди ҳам омаданианд


Вакилони порлумони Қирғизистон мехоҳанд, барои баррасии буҳрони сиёсии ахир дар ин кишвар ҷаласаи навбатии худро баргузор кунанд. Вакил Канибек Имоналиев хабар дод, ки барои баргузории ҷаласа кумитае ташкил шудааст.

Ба гуфтаи вакилони порлумони Қирғизистон мехоҳанд, роҳи бурунрафт аз буҳрони сиёсӣ ва тағйири қонунҳо дар бораи интихоботро ба баҳс бикашанд. Имоналиев афзуд, ки кумитаи мазкур бо вакилон тамос гирифта, иштироки шумори зарурии онҳоро таъмин хоҳад кард. Ҷаласа кай ва дар куҷо баргузор мешавад, маълум нест.

Ҳизбҳои мухолифи Қирғизистон баъди эъломи пирӯзии чор ҳизби наздик ба ҳукумат дар интихоботи порлумонии 4 октябр дар шаҳри Бишкек тазоҳурот баргузор карданд, ки ба занозанӣ миёни сокинон ва кормандони пулис печид. Дар натиҷа эътирозгарон бинои ҳукумат, порлумон ва Кумитаи амнияти миллии Қирғизистонро ғасб ва сиёсатмадорони зиндониро озод намуданд.

Яке аз ин сиёсатмадорон Содир Жапаров аст, ки бо вуҷуди эътирози як қатор ҳизбҳо сарвазири нави Қирғизистон таъйин шуд. Ҷонибдорони Жапаров мегӯянд, раҳоии ӯ қонунӣ буд ва Додгоҳи олии ин кишвар низ вайро сафед кард. Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки аз сӯи эътирозгарон боздошт шуда буд, дубора ҳабс гашт.

XS
SM
MD
LG