Ссылки доступа

Дар Туркманистон таъқиби муътодони тамоку идома дорад


Туркменские полицейские (иллюстративное фото)
Туркменские полицейские (иллюстративное фото)

Дар Туркманистон таъқиби сигоркашҳо ва шахсоне идома дорад, ки ба тамоку муътод шудаанд.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар ҳоли ҳозир пулиси Туркманистон онҳоеро таъқиб ва боздошт мекунад, ки нос истифода мебаранд.

Ба гуфтаи хабарнигор, дар пасманзари камчин ва гарон шудани сигор сокинони ин кишвар рӯ ба нос овардаанд, ки истеҳсол ва истифодаи он дар Туркманистон манъ аст. Дар ҳоли ҳозир дар Туркманистон як қуттии арзонтарин сигор 230-240 манат фурӯхта мешавад (қурби расмии 1 доллар 3,5 манат аст).

Туркманистон соли 2015 эълом кард, мехоҳад ягона кишваре шавад, ки сигоркашӣ дар миёни сокинони калонсолаш 5 дарсадро ташкил медиҳад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки то соли 2025 ин кишвар пурра аз тамоку “озод” хоҳад шуд.

Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Туркманистон аз нигоҳи шумори аҳолии сигоркаш пионтарин мақом дар ҷаҳонро касб мекунад ва ҷамъан 8 дарсади сокинони ин кишвар тамоку истифода мебаранд.

XS
SM
MD
LG