Ссылки доступа

Осорхонаи Бритониё сафолпораҳои аз маҷмаи Шоҳи Зиндаи Самарқанд рабудашударо бармегардонад


Осорхонаи Бритониё шаш сафолпораи шишаии аз маҷмаи Шоҳи Зиндаи Самарқанди Узбекистон рабудашударо ба ин кишвар бармегардонад. Сафолпораҳо моҳи январи соли ҷорӣ дар фурудгоҳи Хитроу шаҳри Лондон ҳамчун ашёи қочоқӣ мусодира шуданд.

Дар ҳуҷҷатҳои ин сафолпораҳо навишта шуда буд, ки онҳоро бо қимати наздики 86 доллар аз Шарҷа харидаанд.

Хадамоти марзбонии Бртониё ба осорхонаи он кишвар барои муайян кардани таърихи сафолпораҳо муроҷиат кард.

Осорхона хулоса баровард, ки сафолпораҳо ба охири асри XIII ва миёнаи асри XIV рабт доранд ва аз маҷмаи Шоҳи Зиндаи Самарқанд канда шудаанд.

Сафолпораҳо мусодира шуда, қарор аст ба Узбекистон баргардонида шаванд.

Мақомоти Узбекистон аз осорхонаи Бритониё барои баргардонии сафолҳо изҳори сипос кардаанд.

XS
SM
MD
LG