Ссылки доступа

Озарбойҷону Арманистон якдигарро ба нақзи созиши оташбас айбдор карданд


Даргириҳои нав миёни нерӯҳои Арманистону Озарбойҷон бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ сурат гирифтааст. Ҳарду тараф якдигарро ба нақзи оташбас ба миёнҷигарии Русия муттаҳам мекунанд.

Тавофуқи оташбас рӯзи 10-уми октябр дар Маскав ҳосил шуд. Вазорати дифои Озарбойҷон рӯзи 12-уми октябр Арманистонро муттаҳам кард, ки ба ин созиш пойбанд нест. Озарбойҷон рӯзи гузашта аз ҳамлаи мушакӣ ё ракетии Арманистон ба шаҳри Ганҷа хабар дод ва гуфт, дар посух ба нерӯҳои арманӣ ҳамлаҳои ҳавоӣ кардааст. Арманистон ин иддаои Озарбойҷонро рад мекунад.

Аз замони оғози мавҷи нави даргириҳо миёни ду Озарбойҷону Арманистон дар 27-уми сентябри имсол аз ду тараф садҳо сарбозу ғайринизомӣ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG