Ссылки доступа

Ному осори Искандари Хатлонӣ дар Бунгоҳи расонаҳои ҷаҳонии Амрико


Хотираи хабарнигори Радиои Озодӣ, шоир Искандари Хатлонӣ, ки 21-уми сентябри соли 2000 дар Маскав ба қатл расид, дар як саф бо рӯзноманигорони шаҳид дар Осорхонаи Бунгоҳи расонаҳои ҷаҳонии ИМА (USAGM) гиромӣ дошта мешавад.

Лора Мойӣ, масъули бахши чандрасонаии ин ниҳод гуфт, бо ин мақсад осори Искандари Хатлонӣ ҷамъоварӣ шудааст.

Созмондиҳандагони осорхона мегӯянд, ҳамчунин ашъори Искандари Хатлонӣ гирдоварӣ ва ба забони англисӣ баргардон мешавад. Қарор аст, аз ҳамаи вожаҳое, ки дар ин осор ба кор бурда шудааст, портрет ё чеҳранигории Искандари Хатлонӣ наққошӣ шавад.

Қаблан, акс ва маълумотнома дар бораи Искандари Хатлонӣ дар Девори Шарафи Бунгоҳи расонаҳои ҷаҳонии ИМА ва ҳамчунин Осорхонаи Хабар ё Newseum-и шаҳри Вашингтон ҷой дода шудаанд.

Дар осорхонаи нав дар қатори зиёда аз 200 рӯзноманигор, ки дар кишварҳои гуногун кушта шудаанд, сабти гузоришҳо, дастхат ва ёдномаҳои Искандари Хатлонӣ ба маърази нигоҳ гузошта мешаванд.

Искандари Хатлонӣ (Идиев) 12-уми октябри соли 1954 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, дар хонаводаи омӯзгор ба дунё омада, хатмкардаи Институти адабии Максим Горкии Маскав, дар ҳафтаномаи "Адабиёт ва санъат", Бахши форсии радиои Би-би-сӣ ва Бахши тоҷикии Радиои Озодӣ кор кардааст.

Ашъори ӯ дар маҷмуаҳои "Садои пои вожаҳо", "Парвоз" (1981), "Шукуфа" (1986), ва "Кушоиш" (1988) ба нашр расидаанд.

XS
SM
MD
LG