Ссылки доступа

Боздошти 124 иштирокчии хурусҷанг дар Тошканд


Дар ноҳияи Урта-Чирчики вилояти Тошканди Узбекистон 124 иштирокчии хурусҷангро боздошт карданд. Дар ин бора мақомоти пулиси вилояти Тошканд хабар доданд.

Дар хабар омадааст, ки шаби 9 октябр кормандони милиса хурусҷанги ғайриқонуниеро дар ҳудуди як фермаи асп дар ноҳияи мазкур кашф карданд.

Дар хурусҷанг бештар аз 100 одам иштирок дошт, ки қоидаҳои карантинро дағалона вайрон кардаанд.

Дар маҷмуъ 124 одам боздошт ва нисбаташон санад тартиб дода, хурусҳо мусодира шудааст.

Айни замон тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG