Ссылки доступа

Чин якбора нуҳ миллион сокини Синдаоро аз озмоиши COVID-19 мегузаронад


Мақомоти шаҳри Синдаои Чин гуфтанд, тасмим доранд, то охири ҳафтаи ҷорӣ ҳамаи нуҳ миллион аҳолии шаҳрро аз ташхиси коронавирус гузаронанд.

Ташхиси сартосарии сокинони Синдао дар ҳолест, ки дар Чин дар моҳҳои охир шумори гирифторони вируси корона коҳиш ёфтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки бори аввал вируси корона дар охири соли гузашта дар шаҳри Ухани Чин сабт шуд.

Мақомоти Чин пештар аз ин гуфта буданд, ки аз ибтидои моҳи августи соли ҷорӣ то 12 октябр дар он киш ҳеч ҳолати сироят кардани вирус сабт нашудааст. Аммо мунаққидон мегӯянд, мақомоти Чин гирифторони бидуни нишонаро ба шумори мубталоён шомил намекунанд.

Мақомоти Чин ахиран гуфтанд, рӯзи 12 октябр дар Синдао 12 ҳолати нави мубталошавӣ сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG