Ссылки доступа

Бонкҳои Туркманистон чипта ҷорӣ кардаанд, аммо дар банкоматҳо пул нест


Дар Туркманистон вазъи иқтисодии аҳолӣ ҳамарӯза бад мешавад. Сокинони вилояти Марий дар нақдсозии пул мушкил доранд.

“Имрӯзҳо дар назди банкоматҳои вилоят сокинон дар навбат ҳастанд, то музди маош, нафақа, ёрдампулӣ барои маъюбият ва нигоҳубини кӯдаконро, ки 3-4 моҳ боз нагирифтаанд, дарёфт кунанд”, - иттилоъ медиҳад хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи ӯ, бо ҳадафи ба тартиб даровардани навбатпойӣ дар назди банкоматҳо бонкҳо чипта ё талонҳо роҳандозӣ кардаанд, аммо ба иттилои сокинон он ҳеч натиҷаи мусбате надодааст.

“Имрӯз аз субҳ дар банкҳои Сенагат ва Каракум дар кӯчаи Молланепеси шаҳри Мари одамоне ҷамъ омадаанд, ки ҳафтаи гузашта талон гирифта буданд”, - таъкид мекунад хабарнигор.

Дар ин талонҳо, ки ҳафтаи гузашта дода шудааст, замони дақиқи гирифтани пул 12 октябр дарҷ шудааст. Ҳамзамон сокинон мегӯянд, барои гирифтани ин талонҳо низ зарур аст, дар навбат биистӣ. Аммо сокиноне, ки 12 октябр назди банкоматҳо рафтанд, бо мушкил рӯбарӯ шуданд, мегӯяд хабарнигор.

“Кормандони бонкҳо изҳор доштанд, ки номи онҳо дар рӯйхат нест. Одамони дар навбатбуда аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки онҳоро фиреб карда ва барои гирифтани талон маҷбур сохтаанд. Онҳо гуфтанд, расо як ҳафта мунтазир буданд ва рӯзи муайянгардида (12 октябр) бо умеди он ки метавонанд пулҳои худро бигиранд, инҷо омаданд. Онҳо мепурсиданд, ки чӣ кор кунанд ва боз ҳам бидуни пул ба хона бармегарданд?”, мегӯяд, хабарнигор аз қавли сокинони дарнавбатбуда.

Хабарнигор меафзояд, одамони дар навбатбуда гуфтаанд, давоми 3-4 моҳ танҳо як маротиба тавонистаанд, ки 400 манат бигиранд. Кормандони бонкҳо ба одамон тавсия додаанд, 14 октябр рафта, аз нав талон бигиранд ва дубора дар навбат биистанд. Аммо ин пешниҳод одамонро қонеъ накард ва ба кормандони бонкҳо гуфтанд, ба ҳарфҳояшон бовар надоранд, ки мушкилашон бартараф шавад. Дар ҷавоб кормандони бонк гуфтаанд, ки дар бонк пул нест.

“Мо ҳам чизеро мегӯем, ки гуфтанашро ба мо иҷозат додаанд. Бовар кунед. Ростӣ гап, ҳоло ҳамаи пулҳо барои музди меҳнати пахтакорон равона мешавад ва дар банкоматҳо пули нақд нест. Тамоми пули нақдро ба ноҳияҳо ҷудо мекунанд. Бо ин ҳол пул ба ҳамаи ноҳияҳо намерасад. Ҳоло вазъ дигар шудааст”, гуфт яке аз кормандони бонк.

Хабарнигор мегӯяд, ба чанд ноҳия рафт, аммо ҳамаҷо ба ӯ гуфтаанд, ки наметавонанд пулҳои худро аз бонкамат бигиранд.

“Ман банкоматҳои чанд ноҳияро дидам, онҷо гуфтанд, ки воқеан дар бархе банкоматҳо пул гузоштаанд, аммо касе намедонад, ки чӣ қадар пул гузоштаанд. Аммо дар назди ҳама банкоматҳо теъдоди зиёди одамон дар навбат буданд”, - илова кард хабарнигор.

XS
SM
MD
LG