Ссылки доступа

Дар Алмато мубталошавии кӯдакон ба ҳепатити С-ро таҳқиқ мекунанд


Табибони беҳдоштии шаҳри Алматои Қазоқистон дар робита ба ошкор шудани ҳепатити С якбора дар чандин кӯдаки мубтало ба бемории саратони хун тафтишотро оғоз кардаанд.

Волидони бархе аз ин кӯдакон дар суҳбат бо телевизиони "Остона" гуфтанд, эҳтимол дорад, бемории ҳепатити С ба фарзандони онҳо ҳангоми хун додан сироят карда бошад.

Дар Маркази илмии ҷарроҳии кӯдаконаи шаҳри Алмато, ки кӯдакон онҷо табобат мегиранд, гуфтанд, беморони мазкур пеш бистарӣ шудан дар марказ ба ҳепатити С мубтало шуда буданд.

Ба гуфтаи масъулони марказ, дар ҳоли ҳозир дар онҷо 11 кӯдаки мубтало ба ҳепатити С табобат мегиранд. Аз ин миён ду ҳолат дар соли равон ва боқӣ дар солҳои гузашта ошкор карда шудааст.

Муовини мудири марказ Ляззат Манжуова гуфт, дар ҳоли ҳозир вазъи кудакон муътадил буда, онҳо дар алоҳидагӣ табобат аз саратонро идома медиҳанд.

Моҳи майи соли 2013 ҳам хабар дода шуд, ки дар Маркази илмии модару кӯдаки пойтахти Қазоқистон дар 30 кӯдаки мубтало ба бемории саратони хун ҳепатити С ошкор шудааст. Волидони кӯдакон он замон низ гуфта буданд, ки эҳтимол дорад, бемории мазкур ба фарзандонашон ҳангоми додани хун сироят карда бошад.

XS
SM
MD
LG