Ссылки доступа

Расонаҳо: ноиб-сарвазири Узбекистон Шуҳрат Ғаниев мубталои COVID-19 шудааст


Шуҳрат Ғаниев, ноиб-сарвазири Узбекистон мубталои вабои коронавирус шудааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Узбекистон бо такя ба манобеи худ иттилоъ додаанд.

Дар хабар омадааст, ки раиси пешини вилояти Фарғона ва ноиб-сарвазири кунунии Узбекистон Шуҳрат Ғаниев дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Тошканд бистарӣ шудааст.

Ғаниев дар охири моҳи гузашта ба мақоми ноиб-сарвазирӣ таъйин шуд. Вай дар ин мақом Уктам Барноевро иваз кард, ки Барноев рӯзи 20 сентябр дар синни 56 аз коронавирус фавтид.

XS
SM
MD
LG