Ссылки доступа

Канат Исоев раиси порлумони Қирғизистон интихоб шуд


Раиси ҳизби "Қирғизистон" Канат Исоев раиси порлумони Қирғизистон интихоб шуд. Ин интихоб рӯзи 13 октябр дар ҷаласаи порлумон сурат гирифт.

Дар оғози ҷаласа эълом шуд, ки 62 вакил ҳузур дорад ва 12 тани дигар ваколат додаанд. Аммо дар поёни раъйдиҳӣ эълом шуд, ки 80 баргаи овоздиҳӣ дар қуттӣ партофта шудааст. Аз ин шумор 78 тан ба ҷонибдорӣ аз Исоев овоз додаанд.

Канат Исоев гуфт, тасмим дорад, дар интихоботи навбатии порлумонӣ ширкат варзад. Ба боварӣ вай, президент Сооронбой Ҷеенбеков набояд ба истеъфо равад.

"Президент бояд боқӣ монад, вазъ душвор аст. Бисёриҳо мегӯянд, раиси порлумон метавонад, вазифаҳои президентро иҷро кунад, аммо наметавонад ба куллӣ президентро иваз кунад. Аз президент бояд тақозо кунем, ки боқӣ монад. Вай гуфт, ки омода аст, баъди ба эътидол омадани вазъ истеъфо диҳад. Аммо эътидоли вазъ танҳо таъйини сарвазир нест. Бояд субот барқарор шавад", - гуфт Исоев.

Пас аз интихоботи парлумонии 4 октябр неруҳои сиёсӣ ва ҷамъиятии ба натоиҷи он норизо рӯзи 5 октябр дар майдони марказии “Ала-Тоо”-и Бишкек гирдиҳамоии эътирозӣ созмон доданд. Наздикиҳои шом гирдиҳамоӣ ба бархӯрди эътирозгарону мақомоти ҳифзи ҳуқуқ табдил ёфт, шаби 6 октябр бошад, эътирозгарон бинои КДАМ ва “Қасри сафед”-ро, ки парлумон ва дастгоҳи президент онҷост, муҳосира карданд.

Инчунин, як қатор сиёсатмадор ва мансабдорони собиқ, аз ҷумла Содир Ҷапаров, ки 10 октябр ба маснади нахуствазир таъин гардид, аз маҳбасҳо раҳо гардиданд. Вазъ ҳанӯз ба эътидол наомадааст, зеро неруҳои сиёсӣ ба як қарори воҳид омада наметавонанд.

Шаби 9 октябр Соронбой Ҷеенбеков дар як изҳорот гуфт, “ҳар вақте кишвар ба масири қонунӣ баргардад”, омодааст аз мақоми худ истеъфо диҳад. 10 октябр бархе аз вакилони Жогорку Кенеш дар як ҷаласаи ғайринавбатӣ ҳайати ҳукуматро бо раҳбарии Содир Ҷапаров тасдиқ намуданд.

Аммо як рӯз баъд, 11 октябр қисме аз дигар вакилон, фаъолони ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва ҳуқуқшиносон изҳор доштанд, ки тасмимҳои гирифташуда қонунӣ нестанд ва зарур аст, ки ҷаласаи парлумон аз нав гузаронда шавад. Худи Содир Ҷапаров дар нишасти хабарие пас аз таъин шуданаш гуфт, расман ба кор шурӯъ мекунад.

XS
SM
MD
LG