Ссылки доступа

Мирзиёев бо сокинони осебдидаи Сардоба аз обхезӣ мулоқот кард


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 13 октябр ба вилояти Сирдарё сафар карда, аз биноҳои зисти баландошёнае дидан кард, ки ба ҷои манзилҳои осебдида дар натиҷаи рахна шудани садди обанбори Сардоба бунёд шудаанд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Узбекистон, дар маҳаллаи "Дӯстлик"-и ноҳияи Сардоба 37 бино, дар маҳаллаи "Ҳақиқат"-и ноҳияи Мирзообод 40 бино, дар маҳаллаи "Навбаҳор"-и ноҳияи Оқолтин 9 бинои зисти баландошёна бунёд гаштааст.

"Харобкориҳои рахнаи сад бузург буд. Мо маҷбур будем, ҳам оқибатҳои фоҷеаро бартараф ва ҳам вазъи зиндагии мардумро дар муҳлати муқарраршуда муътадил созем. Бо ҳамаи осебдидаҳо суҳбат карда, тамоми вазорату идораҳо сафарбар ва корҳои фаврӣ ташкил карда шуд. Мо тавонистем хонаводаҳоро пеш аз фасли сармо бо хона таъмин созем. Муҳимтар аз ҳама, мардум розӣ ҳастанд", - гуфт Мирзиёев.

Бино ба хабари хадамот, президенти Узбекистон аз корҳои сохтмонӣ дар вилояти Сирдарё розӣ аст.

Пештар як гуруҳи сокинони осебдидаи ноҳияи Сардоба ба хабарнигорон шикоят карда буданд, ки ваъдаи ҳукумати Узбекистон роҷеъ ба пардохти ҷуброн ва таъмини онҳо бо манзили зист иҷро нашудааст.

Обанбори Сардобаи Ӯзбекистон моҳи майи соли 2018 мавриди истифода қарор гирифта, он барои обёрии заминҳо бунёд шуда буд. Субҳи 1 майи соли 2020 садди он рахна шуд. Дар натиҷа дасти кам 70 ҳазор сокини атрофи обанбор ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.

XS
SM
MD
LG