Ссылки доступа

Порлумони Қирғизистон Содир Жапаровро сарвазир интихоб кард


Порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи ғайринавбатие барнома, сохтор ва ҳайати ҳукумати сарвазири он кишар Содир Жапаровро тасдиқ кард.

Дар суханрониаш дар назди вакилон Содир Жапаров гуфт, ки барномаи нави ҳукуматро дар порлумон муаррифӣ хоҳад кард. Сарвазир девони вазиронро ба куллӣ нав кардааст.

Қарори порлумон ба дастгоҳи президенти он кишвар ирсол мешавад ва баъди имзо шудан аз сӯи президент ҳукми иҷро мегирад.

Ин дар ҳолест, ки Сооронбой Ҷеенбеков, президенти амалкунандаи Қирғизистон дар як мактуб субҳи 14 октябр ба порлумони кишвараш навишт, ки қарори порлумон аз 10 октябр дар бораи таъйин Жапаров ба мақоми сарвазирӣ қонунӣ нест ва ба ин далел, бояд таъйини Жапаров дубора сурат гирад.

XS
SM
MD
LG