Ссылки доступа

Русия даъвати Амрикоро ба “масдуд кардани созиши силоҳҳо” рад кард


Маршалл Биллингслӣ, намояндаи вижаи президенти ИМА дар умури таслиҳотӣ гуфт, ки агар Русия омодаи "боз доштан"-и силоҳи ҳастаияш бошад, кишвари вай пешниҳод мекунад, ки барои муддате созишномаи маҳдудсозии истифодаи силоҳи СНВ-3 тамдид шавад.

Биллингслӣ руфт, ИМА ва Русия "ба созиши усулӣ" дар мавриди тамдиди созишнома даст ёфтаанд, танҳо коркарди чанд ҷузъиёт боқӣ мондааст.

СНВ-3 - охирин созишномаи бузурги ИМА ва Русия дар бораи таслиҳоти ҳастаии ду кишвар аст. Муҳлати ин созишнома моҳи феврал ба поён мерасад. Ҳукумати Доналд Трамп мегӯяд, Чин ҳам узви ин созишнома шавад. Аммо Биллингслӣ гуфт, дар остонаи интихоботи президентии ИМА Трамп розӣ шудааст, ки бидуни ширкати Чин созишномаро барои муҳлате тамдид кунад.

"Мо омодаи бастани созишнома ҳастем. Дар воқеъ, омодаем, ҳамин фардо ин корро бикунем. Вале Москва ҳам бояд иродаи сиёсӣ ба намоиш гузорад", - гуфт Биллингслӣ.

Масъалаи тамдиди созишнома дар гуфтугӯҳои Русияву Амрико ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ҳелсинкӣ баррасӣ шуд.

Сергей Рябков, муовини вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ки пешниҳоди ИМА барои Москва қобили қабул нест.

"Мавқеи ИМА дар бораи боз доштани тавсиа барои мо ошкор аст, вале қобили қабул нест. На ба ин хотир, ки мо зидди боз доштани тавсиа бошем, бале ба ин мавзуъ бояд васеътар бархурд кард", - гуфт Рябков. Вай ҳамчунин афзуд, набояд бар ин умед буд, ки то 3 ноябр - санаи пеш аз интихоботи ИМА - созишнома ҳосил мешавад.

Созишномаи СНВ-3 моҳи апрели соли 2010 дар Прага аз сӯи президенти вақти Русия Дмитрий Медведев ва президенти вақти ИМА Борак Обама имзо шуда буд. Ин созишнома кам кардани кулоҳакҳои ҳастаиро пешбинӣ мекунад.

Русия чанде пеш аз сохтани силоҳи нави ҳастаӣ хабар дод, ки шомили созишномаи СНВ-3 намешавад. Яке аз чунин силоҳҳо "Авангард" ном дорад.

XS
SM
MD
LG