Ссылки доступа

COVID-19: Доруи "Ремдесивир"-и истеҳсоли Узбекистон нахуст дар "бозори сиёҳ" пайдо шуд


Истеҳсоли "Ремдесивир", ки яке аз таъсирноктарин доруҳо дар табобати гирифторони коронавирус унвон мешавад, моҳи сентябр дар Узбекистон ба роҳ монда шуд.

Қимати ин доруи мазкур дар Узбекистон наздики 50 доллари ИМА муқаррар шудааст. Дар ҳоле, ки ҳамин дору дар бозори ҷаҳонӣ аз 70 то 390 доллар арзиш дорад.

Ширкати JURABEK LABORATORIES дар Узбекистон, ки ба истеҳсоли доруи "Ремдесивир" машғул аст, хабар дод, дар айни замон фармоиши давлатиро иҷро мекунад ва ба зуди ин дору дар фурӯши озод гузошта мешавад.

Аммо наздикони мубталоёни короварус дар Узбекистон мегӯянд, доруи "Ремдесивир"-ро дар "бозори сиёҳ" ҳамин шабу рӯз бо қимати 100-175 доллари ИМА пайдо кардан мумкин аст.

"Ремдесивир" бо ҳамин ном дар ИМА, Ҳиндустон ва Покистон низ истеҳсол мешавад. Дору бори аввал дар соли 2015 дар ИМА сохта шуд.

XS
SM
MD
LG