Ссылки доступа

Додситонии Қазоқистон ҷузъиёти парвандаи Мухтор Аблязовро ошкор намекунад


Додситонии Қазоқистон иттилоъ дод, ки ҷониби Фаронса "тафтиши ҷиноии худро" нисбати раиси пешини бонки БТА ва мухолифи ҳукумати Қазоқистон Мухтор Аблязов мустақилона анҷом медиҳад ва Нурсултон "ҳаққи дахолат карданро надорад".

Ба ин далел, мақомоти Қазоқистон аз додани ҷузъиёти бештар дар бораи парвандае, ки бар асоси он Мухтор Аблязовро дар Фаронса боздошту раҳо карданд, худдорӣ варзидаанд.

Охири моҳи сентябри соли ҷорӣ Мухтор Аблязов, баъди 11 соли истиқомат дар Аврупо, ниҳоят дар Фаронса паноҳандагии сиёсӣ пайдо кард.

Аблязовро ҳафтаи гузашта дар Фаронса боздошт ва баъди ду рӯз озод карданд. Мухолифи қазоқ гуфт, пушти боздошти вай ҳукумати Қазоқистон меистад. Жерар Чолакян, вакили мудофеи Аблязов хабар дод, ки мухолифи қазоқро дар дуздии 7,5 миллиард доллар айбдор мекунанд. Ин айбҳо дар парвандае зикр шудааст, ки дар Қазоқистон боз кардаанд.

Додгоҳи Қазоқистон ду соли пеш бо айби ташкили куштори тоҷир Ержан Татишев дар соли 2004, Аблязовро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Мухтор Аблязови 57-сола айбҳои нисбаташ эъломшударо рад мекунад. Се соли охир вай ҳаракати "Интихоби демократии Қазоқистон"-ро ташкил ва тавассути интернет онро роҳбарӣ мекунад. Соли 2018 мақомоти Қазоқистон ин ҳаракатро "созмони тундгаро" унвон карданд.

XS
SM
MD
LG