Ссылки доступа

Маршал Дӯстум: духтари Тоҳир Юлдошев дар Бадахшон террористонро раҳбарӣ мекунад


 Абдул-Рашид Дустум
Абдул-Рашид Дустум

Маршали узбектабори Афғонистон Абдурашид Дӯстум дар як суханрониаш дар вилояти Ҷузҷон гуфт, духтари раҳбари пешини "Ҳаракати исломии Узбекистон" (ҲИУ) Тоҳир Юлдошев дар вилояти Бадахшони он кишвар гуруҳҳои террористиро раҳбарӣ мекунад.

Дар ин бора хабарнигори бахши узбекии Радиои Озодӣ дар Афғонистон Олим Куҳкан хабар дод.

"Духтари Тоҳир Юлдошев - Мукаррамахон гуруҳҳои ҷангиёнро раҳбарӣ мекунад. Ҷангиён "хоҷа"-е доранд, ки онҳоро пуштибонӣ менамояд", - изҳор доштааст Абдурашид Дӯстум.

Ин изҳоротро маршали узбектабори Афғонистон баъди баргашт аз сафари ғайрирасмияш ба Туркия, Ҳиндустон ва Узбекистон дод.

Бино ба гуфтаи Дӯстум, ҷангиёни зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ "барои таъсир расондан ба давлатҳои минтақа" дар Афғонистон гирди ҳам омадаанд. "Ҷангиёни зодаи кишварҳои Осиёи Марказӣ барои маҳв кардани мо ва таъсир расондан ба давлатҳои минтақа дар шимоли Афғонистон ҷамъ шудаанд. Инро ҳама медонад", - афзудааст ӯ.

Вале ӯ дақиқ нагуфт, ки ин зархаридонро кӣ ҳимоят мекунад. Кобули расмӣ то ҳол изҳороти Дӯстумро шарҳ надодааст.

Ёдрас мешавем, раҳбари пешини ҲИУ Тоҳир Юлдошев дар натиҷаи зарбаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ кушта шуда буд.

XS
SM
MD
LG