Ссылки доступа

Додгоҳи Қазоқистон ҳабси гумонбарони парвандаи "Көше партиясӣ"-ро тамдид кард


Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон муҳлати ҳабси Асхат Жексебоев ва Абай Бегимбетовро, ки ба иштирок дар фаъолияти ҳаракати мамнуи "Көше партиясӣ" гумонбар ҳастанд, як моҳи дигар дароз кард.

Вакили дифои гумонбарон Галим Нурпеисов гуфт, дархости муҳлати иловагии муфаттишон барои тафтишу ташхиси телефон ва компютерҳое пазируфта шуд, ки дар доираи парванда мусодира гаштаанд.

Ин ду сокини Алмато 23 августи соли равон бар асоси банди "Ташкилу раҳбарии созмони террористӣ ё иштирок дар фаъолияти он"-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон 2 моҳ ҳабс шуданд. Қонунҳои Қазоқистон барои ин навъи ҷиноят то 17 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Асхат Жексебоев ва Абай Бегимбетов то ҳабс шудан чандин бор барои иштирок дар тазоҳуроти ба гуфтаи мақомоти қазоқ, бидуни иҷозат боздошт ва ҷарима шуда буданд.

Додгоҳи ноҳияи Есили пойтахти Қазоқистон ҳаракати "Көше партиясӣ"-ро моҳи майи соли равон бо дархости Додситонии кулли ин кишвар созмони "террористӣ" эълом ва фаъолияташро манъ карда буд.

XS
SM
MD
LG