Ссылки доступа

Дар Узбекистон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ қимати маҳсулот ва хизматрасонӣ 6 дарсад гарон шудааст


Ба иттилои кумитаи омори Узбекистон, дар он кишвар бештарини болоравии қимати маҳсулот ва хизматрасонӣ дар моҳи апрел мушоҳида шудааст. Дар он моҳ қимати маҳсулот якбора 1,7 дарсад боло рафта аст.

Тибқи ҳисоботи кумита, дар моҳҳои январ-сентябр қимати маҳсулоти ғизоӣ дар маҷмуъ 3,1 дарсад, маҳсулоти ғайри ғизоӣ 2,1 дарсад, хизматрасонӣ 1,1 дарсад боло рафтааст.

Дар муқоиса бо моҳи сентябри соли гузашта қимати маҳсулоти ғизоӣ ва ғайриғизоӣ, инчунин хизматрасонӣ 7,5 дарсад, 2,8 ва 1,4 дарсад боло рафтааст.

Дар моҳи сентябр қимати гӯшт, гӯшти мурғ ва моҳӣ 3,8 дарсад гарон шудааст. Дар маҷмуъ, аз ибтидои соли ҷорӣ то кунун дар Узбекистон, қимати гӯшт 14,2 дарсад боло рафтааст.

XS
SM
MD
LG