Ссылки доступа

Авҷи дубораи коронавирус боиси эъломи қуюди шабгардӣ дар Фаронса шуд


Фаронса дар доираи мубориза бо мавҷи дувуми коронавирус қуюди шабгардӣ эълом кард.

Эммануэл Макрон, президенти Фаронса гуфт, ки сокинон набояд аз соати нуҳи шаб то шаши субҳ ба кӯча бароянд. Ин қарор шаҳри Порис ва 8 шаҳри дигарро фаро мегирад, ки дар онҳо густариши вабои COVID-19 авҷи бештар дорад.

Қуюди шабгардӣ аз рӯзи шанбе шуруъ мешавад. Айни замон қуюд барои чаҳор ҳафта эълом шудааст.

Рӯзи чаҳоршанбе дар Фаронса якбора 23 ҳазор ҳолати нави мубталошавӣ ба вабои коронавирус сабт гардид.

Чунин вазъият дар Италия, Испания ва бархе дигар аз кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Бритониё дида мешавад. Шумораи гирифторон ба коронавирус дар Аврупо дар як рӯз аз 100 ҳазор нафар гузаштааст.

Сешанбеи ҳафтаи ҷорӣ шумораи маргу мир бинобар КОВИД-19 дар Аврупо ба 1117 нафар ва рӯзи чаҳоршанбе ба 1290 нафар расидааст. Бештарин шумораи гирифторӣ рӯзи чаҳоршанбе дар Фаронса, Бритониё, Русия, Испания ва Белгия сабт шудааст.

Дар маҷмуъ, омори умумии гирифторон ба ин беморӣ дар саросари ҷаҳон рӯзи сешанбе 314 ҳазор нафар ва шумораи фавтидагон ҳудуди 5 ҳазор нафар гуфта шудааст. Аз оғози паҳншавии коронавирус 38 миллион нафар дар саросари ҷаҳон ба ин беморӣ мубтало шуда, ҳудуди 1,1 миллион нафар ҷон бохтаанд.

XS
SM
MD
LG