Ссылки доступа

Президенти Озарбойҷон гуфт, 40 минтақаи аҳолинишини Қарабоғро гирифтанд


Ильхам Алиев

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар суҳбат бо телевизиони туркии NTV гуфт, низомиёни кишвараш аз охирҳои моҳи сентябр ба ин сӯ беш аз 40 минтақаи аҳолинишинро дар Қарабоғи Куҳӣ тасарруф кардаанд.

Алиев ҳамчунин қайд кард, ки Туркия метавонист ҳалли сиёсии низои Озарбойҷону Арманистонро тезонад. Ба гуфтаи ӯ, Боку ва Анқара бо вуҷуди тақвияти ҳамкорҳои низомии худ масъалаи таъсиси пойгоҳи низомии Туркия дар Озарбойҷонро баррасӣ накардаанд. Президенти Озарбойҷон дар суҳбат бо телевизиони France 24 низ иштироки низомии Туркияро дар ҳалли низоъ рад кард.

Намояндагони Қарабоғи Куҳӣ дар навбати худ хабар доданд, ки пойтахти минтақа Степанакерт дубора ҳадафи мушакҳои артиши Озарбойҷон қарор гирифт. Онҳо ҳамчунин иддаои Боку дар бораи ҳамла ба иншооти мадании Озарбойҷонро рад намуданд.

Вазъ дар Қарабоғи Куҳӣ субҳи 27 сентябр якбора шиддат гирифт. Дар ин минтақа амалиёти низомӣ шуруъ шуд. Дар Арманистону Озарбойҷон вазъи низомӣ эълом гардид. Ҳар ду кишвар аз талафоти ҷонӣ ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандонашон хабар медиҳанд ва ҳамдигарро дар ташдиди вазъ айбдор мекунанд.

Низоъи Озарбойҷону Арманистон бар сари Қабароғи Куҳӣ аз охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад. Минтақаи мазкур, ки бештари бошандагонаш арманӣ ҳастанд, дар соли 1991 эълом кард, ки аз Озарбойҷон ҷудо ва мустақил мешавад. Аммо ҳеч кадом давлати дунё ин минтақаро эътироф накард.

XS
SM
MD
LG