Ссылки доступа

Додгоҳи Италия дар робита ба ихроҷи ғайриқонунии ҳамсари Аблязов ҳукм содир кард


Додгоҳе дар шаҳри Перуҷаи Италия дар робита ба ихроҷи Алма Шалабоева, ҳамсари мухолифи қазоқ Мухтор Аблязов дар соли 2013 ба Қазоқистон, нисбати афроди масъул ҳукм содир кард.

Ба ин тартиб, роҳбари пешини хадамоти фаврии пулиси давлатии Италия Ренато Кортеза панҷ сол, сардори пешини шуъбаи муҳоҷирати шаҳри Рим Мауритсио Импрот панҷ солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд. Франческо Стампаккя, корманди пешини хадамоти фаврии пулиси он кишвар низ панҷ сол зиндонӣ шудааст. Расонаҳо менависанд, ҳамзамон дар робита ба ин қазия чанд мансабдори дигари Италия ҷазо гирифтаанд.

Ҳамсари Мухтор Аблязов ҳамроҳ бо духтари ноболиғаш 31 марти соли 2013 аз Италия ба Қазоқистон ихроҷ шуданд. Он замон дар робита ба ин ҳодиса ҷанҷоле дар дохили Италия сар зад ва дар порлумон масъалаи истеъфои вазири вақти корҳои дохилии Италия Анжедино Алфаноро баррасӣ карданд. Вазорати корҳои дохилии он кишвар қарор дар бораи ихроҷи Шалабоеваро бекор кард ва додстонии Италия ба таҳқиқи ҳодиса пардохт. Додгоҳи олии он кишвар соли 2014 ихроҷи Шалабоеваро ғайриқонунӣ унвон кард. Дар охири соли 2013 Алма Шалабоева иҷозаи берун шудан аз Қазоқистонро пайдо кард ва дубора ба Италия баргашт.

Чанде аз расонаҳои ғарбӣ навиштанд, ки пушти истирдоди ҳамсари Аблязов се дипломати қазоқ - сафири Қазоқистон дар Италия Андриян Елемесов, кормандони сафорат Нурлан Ҳасен ва Ержан Есиркепов меистанд.

Мухтор Аблязов ахиран дар Фаронса паноҳгоҳи сиёсӣ пайдо кард. Дар Қазоқистон ӯро дар куштор ва ғорати 7,5 миллиард доллари бонки таҳти роҳбарияш - БТА - айбдор ва ба ҳабси абад маҳкум кардаанд. Аблязов ин айбҳоро рад ва сиёсӣ унвон мекунад.

XS
SM
MD
LG