Ссылки доступа

Дар ноҳияи Айнӣ як мардро барои куштани ҳамсари 26-солааш зиндонӣ кардаанд


Шукрона Хайдарова. Фото из семейного архива

Додгоҳи ноҳияи Айнии вилояти Суғд як мардро бо гуноҳи куштани ҳамсараш 11 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ҳукм рӯзи 14-уми октябр содир шуд.

Ҷасади Шукрона Ҳайдароваи 26-сола аз деҳаи Урметани ноҳияи Айниро шаби 4-уми августи имсол дар хонааш пайдо карданд. Наздикони шавҳараш, Сафиаллоҳ Раҳмонов, иддао доштанд, ки ӯ худро овехтааст. Вале пайвандонаш ва муфаттишон ба кушта шудани ӯ таъкид доштанд.

Як додраси Додгоҳи ноҳияи Айнӣ бе зикри номаш рӯзи 15-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Сафиаллоҳ Раҳмоновро бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "куштор" маҳкум кардаанд.

Ӯ афзуд, "Сафиаллоҳ Раҳмонов дар мурофиаҳои додгоҳӣ ба кирдори худ, яъне куштани ҳамсараш иқрор шуд ва изҳори пушаймонӣ кард. Вай гуфт, бо ҳамсараш Шукрона Ҳайдарова муноқиша карда, аз хашми зиёд гулӯи ӯро даҳ дақиқа фишурдааст."

Маълум нест, иқрори маҳкумшуда таҳти чӣ шароите ба даст омадааст. Наздикони Сафиаллоҳ Раҳмонов ҳозир нашуданд, дар иртибот ба ҳукми додгоҳ суҳбат кунанд.

Волидони Шукрона Ҳайдарова аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд. Умеда Муродова, вакили мудофеи онҳо, рӯзи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ба бозбинии ҳукм талош мекунанд.

Аз ӯ ду фарзанди ноболиғ мондааст, ки ҳоло дар тарбияи волидони Шукрона қарор доранд.

Бар асоси иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, тайи ду соли ахир беш аз даҳ ҳолати куштори ҳамсарон бо дасти шавҳарон сабт шудааст. Куштор дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ баррасӣ мешавад ва ин модда аз 8 то 25 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG