Ссылки доступа

ИА: ба сарвазир гузаштани салоҳиятҳои президенти Қирғизистон суолҳои ҷиддиеро ба бор меорад


Роҳбари дипломатияи Иттиҳоди Аврупо Жозел Боррел дар робита ба ҳаводиси Қирғизистон изҳорот нашр кард.

Дар изҳороти дар сомонаи намояндагии Иттиҳод дар Қирғизистон нашршуда омадааст, ки Иттиҳоди Аврупо истеъфои президенти Қирғизистонро ба эътибор гирифтааст.

"Хеле муҳим аст, ки салоҳиятҳо ва вазифаҳои президент дар доираи Конститутсияи Қирғизистон бо риояи уҳдадориҳои байналхалқии кишвар, аз ҷумла дар бахши авлавияти қонун, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ иҷро шаванд. Дар робита ба ин аз раиси порлумон ба сарвазир гузаштани салоҳиятҳои президент суолҳои ҷиддиеро ба бор овардаанд. Зеро Қирғизистон кишвари демократияи порлумонӣ аст ва тақсими салоҳиятҳову уҳдадориҳо бояд иҷро ва ҳифз шаванд", - гуфт Боррел.

Вай ҳамзамон аз ҳамаи неруҳои сиёсии Қирғизистон даъват кардааст, ки ба ҳам оянд ва интихоботи озоду шаффофи порлумониву президентӣ баргузор кунанд.

Ин созмон гуфтааст, ки тавассути намояндаи худ дар умури Осиёи Марказӣ ва намояндагиаш дар Қирғизистон бо ҳамаи неруҳои сиёсии он кишвар дар робита аст.

СММ низ аз Қирғизистон даъват карда буд, ки дар бораи ояндаи кишвар дар мувофиқат бо Конститутсия тасмимгирӣ шавад.

Дар Бишкек сокинон рӯзи 5 октябр дар робита ба натиҷаи интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябр гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Ширкатдорон бекорсозии натиҷаҳои интихобот ва баргузории раъйдиҳии такрориро талаб доштанд. Шоми 5 ба 6 октябр гирдиҳамомадагон Кохи сафед ва чанд бинои мақомоти қудратиро ғасб ва бархе аз маҳбусон, аз ҷумла Содир Ҷабборовро аз зиндон озод карданд.

Комисияи интихоботӣ рӯзи 6 октябр натиҷаи интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябрро бекор кард.

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон рӯзи 15 октябр истеъфо дод. Раиси порлумон он кишвар Канатбек Исоев аз иҷрои вазифаҳои президент даст кашид ва ба ин тартиб, сарвазир Содир Ҷабборов ҳамзамон салоҳиятҳои президентро соҳиб шуд.

XS
SM
MD
LG