Ссылки доступа

Президенти Узбекистон дар бораи мансабдорони "порахӯр" нақл кард


Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 15 октябр дар як ҷаласаи онлайнӣ дар бораи боздошти муовинони раисони ҳукуматҳо хабар дод, ки бо пора ба даст афтодаанд.

Ба иттилои президент, муовини раиси ноҳияи Кибраӣ бо 35 ҳазор доллари пора, сардори раёсати назди ҳукумати вилояти Тошканд бо 1,4 миллион доллар, муовини раиси ноҳияи Марҳамат бо 29 ҳазор доллар ва муовини раиси ноҳияи Бувайдини Узбекистон бо 20 ҳазор доллари пора ба даст афтодаанд.

Ба гуфтаи президент, ин афрод аз соҳибкорон дар ивази сабти заминҳояшон пора талаб кардаанд.

Ба иттилои расонаҳои Узбекистон, дар моҳи октябр муовини раиси ноҳияи Бостанлиқи вилояти Тошканд ҳангоми фурӯши замин дар ивази 25 ҳазор доллар боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG