Ссылки доступа

Дар Порис барои гиромӣ доштани хотираи муаллими кушта шуда садҳо нафар ҷамъ шуданд


Дар Фаронса рӯзи якшанбе ҳазорҳо одам ба хотири гиромӣ доштани хотираи муаллиме гирди ҳам омаданд, ки 16 октябр дар шаҳри Порис кушта шуд. Пулис куштори ӯро ҳамчун ҳамлаи террористӣ таҳқиқ мекунад.

Ба иттилои Радиои байналмилалии Фаронса, бузургтарин ҳамоишҳо дар Порис, Лион, Бордо, Страсбург, Лилле, Нант ва Марсел баргузор шуданд.

Дар шаҳри Порис садҳо нафар дар майдони Ҷумҳурӣ ҷамъ шуданд. Ба гуфтаи хабарнигори RFI, ин гуна таҷаммуи бузург дар Порис дер боз сурат нагирифта буд. Майдон ва хиёбонҳои атрофи он пур шуданд. Дар ҳамоиш сарвазири Фаронса Жан Кастекс, вазири маориф, шаҳрдори Порис ва сиёсатмадорони дигари маъруф иштирок карданд.

Ҳамоишро маҷаллаи Charlie Hebdo ва иттифоқи касабаи омӯзгорон баргузор карданд. Бархе аз иштирокдорон дар даст навиштаи "Ман Самюэл" ё "Ман омӯзгор"-ро доштанд.

Сокинони Конфлан-Сент-Онорин дар коллеҷе, ки Самюэл Патӣ онҷо дарс медод, шамъу гул гузоштанд.

Омӯзгори таърих ва ҷуғрофиё Самюэл Патиро зодаи 18-солаи Москва рӯзи якшанбе ба қатл расонд. Ин муаллим чанде пеш ба хонандагон карикатураи паёмбари ислом Муҳаммадро намоиш дода буд. Ҷавон ҳангоми боздошт аз тарафи пулис кушта шуд.

Дар робита ба куштори мазкур 11 нафар боздошт шудааст, ки дар миёнашон фаъоли исломӣ Абдулаким Сефриуӣ низ ҳаст. Бино ба хабарҳо, ӯ даҳ рӯз пеш падари яке аз хонандагонро дар мулоқот бо раҳбарияти мактаб ҳамроҳӣ карда, барканории муаллимро барои намоиши карикатураи паёмбар талаб кардаанд. Сефриуӣ чанд рӯз пеш низ бо нашри видеое дар Ютуб муаллимро маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG