Ссылки доступа

Фавти маҳбусон дар зиндони занонаи Туркманистон


Дар зиндони занонаи Туркманистон давоми рӯзҳои ахир чанд маҳбус фавтидааст. Як манбаъ 16 октябр гуфт, маҳбусон бар асари коронавирус фавтидаанд.

Наздикони се маҳбуси зиндони занонаи вилояти Дашоғуз, ки бо Узбекистон ҳаммарз аст, фавти пайвандони худро дар суҳбат бо бахши туркмании Радиои Озодӣ тасдиқ карданд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, мақомот ҷасади маҳбусонро ба наздиконашон надодаанд.

Як манбаи огаҳ аз қазия гуфт, шумори мубталоён дар зиндон "хеле зиёд" буд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳудуди зиндон макони махсус барои карантин ташкил шуда, дар он беш аз 200 маҳбус нигаҳдорӣ мешуд ва баъзе аз онҳо дар ҳолати вазнин буданд.

"Ин вазъ аввалҳои моҳи сентябр рух дод. Вале раҳбарияти зиндон зоҳиран мехост, онро пинҳон кунад. Вале вақте вазъ мушкилтару мақомоти болоӣ аз он огаҳ шуданд, ба зиндон дастгоҳҳои озмоишиву ташхисӣ оварданд. Дар натиҷа маълум шуд, ки вирус ба шуши садҳо маҳбус сироят кардааст", - изҳор дошт як манбаъ ба шарти ифшо нашудани номаш.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Туркманистон ҳанӯз ҳам ба мавҷуд набудани коронавирус дар ин кишвар исрор мекунанд.

XS
SM
MD
LG