Ссылки доступа

Собянин: Шумори муҳоҷирон дар Москва 40% кам шудааст


Мэр Москвы Сергей Собянин 

Шаҳрдори Москва Сергей Собянин гуфт, шумори муҳоҷирони корӣ дар пойтахти Русия 40% коҳиш ёфтааст. Бинобар ин, мақомоти Москва одамонро барои кор аз дигар минтақаҳои Русия ҷалб мекунанд.

Ба гуфтаи Собянин, "на ҳама москвагиҳо омодаанд, ки дар даст белу ҷорӯб" гиранд.

Шаҳрдори Москва пештар гуфта буд, ки коҳиши шумори муҳоҷирон ба пандемияи коронавирус ва баста шудани марзҳо рабт дорад. Ӯ ҳушдор дода буд, ки "мушкилиҳо пеш хоҳад омад".

"Москва дар фасли сармо гуруҳҳои иловагиро барои корҳои дастӣ муваққатан ҷалб мекард", - изҳор дошт.

Шаҳрдории Москва аз норасоии кормандон дар сохтмонҳои шаҳр низ хабар дод. "Марзҳо бо кишварҳое баста шудаанд, ки сохтмонҳои Москваро бо нерӯи кории кофӣ таъмин мекарданд. Мутаассифона бинокорони рус наметавонанд ҷойи онҳоро пур кунанд. Дар ҳоли ҳозир дар сохтмонҳои шаҳр даҳҳо ҳазор коргар намерасад", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG