Ссылки доступа

Узбекистон минтақаҳои ҷустуҷӯи оффшориро васеътар кард


Кумитаи андоз ва Бонки марзкаии Узбекистон номгӯи минтақаҳои оффшориеро густардатар карданд, ки амалиёти пулӣ тавассути пардохтҳои хориҷӣ ва интиқол ба суратҳисобҳои бонкӣ дар онҳо пайгирӣ карда мешавад.

Дар ин рӯйхат Самое, Арубу, Гватемала, Доминика, Кирибатӣ, Монако, ҷазираи Норманди Олдернӣ, Питкэрн, Сан-Марино, Уругвай, Филиппин ва ғайра шомил шудааст.

Дар рӯйхати нав дар маҷмуъ 69 минтақа шомил гардидааст.

Агар шахси воқеие ба суратҳисобҳои воқеъ дар ин минтақаҳо давоми як соли тақвимӣ наздики 10 ҳазор доллари ИМА интиқол диҳад, бонкҳои Узбекистон вазифадор мешаванд, ки кумитаи андози кишварро дар ин бора хабар диҳанд.

XS
SM
MD
LG