Ссылки доступа

Ду "фирорӣ аз Чин" дар Қазоқистон паноҳандагӣ дарёфт карданд


Ду қазоқтабори чинӣ - Кастер Мусохонулӣ ва Мурагер Олимулӣ барои як сол дар Қазоқистон паноҳандагӣ пайдо карданд. Дар ин бора вакили мудофеи онҳо Абдулло Бакберген хабар дод.

Ин ду қазоқтабор нахустин фирориёни чинӣ ҳастанд, ки дар Қазоқистон расман паноҳандагӣ дарёфт кардаанд.

Мусохонулӣ ва Олимулӣ моҳи октябри соли 2019 аз Шинҷони Чин фирор ва тавассути убури марз вориди Қазоқистон шуданд. Ба маҳзи ворид шудан ба Қазоқистон, онҳо нишасти хабарӣ баргузор ва сабабҳои фирорашон аз Чинро нақл карданд. Ба гуфтаи Мусохонулӣ ва Олимулӣ, мақомоти Чин уйғурҳо, қазоқтаборон ва дигар мардуми бумии Шинҷонро, ки асосан пайрави ислом ҳастанд, таъқиб мекунанд.

Мақомоти Қазоқистон ин ду фирориро боздошт ва барои убури ғайриқонунии марз яксолӣ зиндон кард. Додгоҳ онҳоро ба Чин истирдод накард.

Охири моҳи июн баъди бештар аз ҳашт моҳи ҳабс ду қазоқтабори фирорӣ аз зиндон озод шуданд.

Чин ба хотири нигаҳдории иҷбории беш аз як миллион уйғур, қазоқтабор ва намояндаи ақалиятҳои дигари мусулмон дар "марказҳои бозтарбия"-и Шинҷон аз соли 2017 ба ин сӯ мавриди интиқоди ҷомеаи байналмилалӣ қарор дорад. Худи Пекин иттиҳомро рад карда, урдугоҳҳоро "марказҳои омӯзишӣ"-е меномад, ки гӯиё ба хотири мубориза бо терроризму экстремизм таъсис дода шудаанд.

XS
SM
MD
LG