Ссылки доступа

Оҳангсози тоҷик Диловари Зуҳуриён дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид


Диловари Зуҳуриён, оҳангсози тоҷик шаби гузашта дар пай як садамаи нақлиётӣ ҷон бохт. Аз Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки садама соати 24:30 дақиқа дар шоҳроҳи Данғара-Ваҳдат дар деҳаи Чиртак рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, оҳангсози тоҷик бо автомашинаи тамғаи "Мерседрс"-и худ муқобили самти ҳаракат баромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи "Чакман" бархӯрдааст. Манбаъ мегӯяд, ӯ ва як мусофираш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. "Аз автомашинаи боркаш касе зарар надидааст",-афзуд манбаъ.

Ба гуфтаи Шоираи Раҳимҷон, шоира ва таронанависи тоҷик, маросими видоъ бо ин оҳангсоз дар зодгоҳаш ноҳияи Данғара баргузор мешавад. Як манбаи дигар гуфт, Диловари Зуҳуриён як рӯз пеш аз ин ҳодиса, барои бори дуввум издивоҷ кардааст.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Диловари Зуҳуриён як оҳангсозӣ касбӣ ном бурдаанд. Баъзе аз дӯстонаш марги ӯро талафоти бузург барои санъати эстрадаи кишвар арзёбӣ намуданд.

Исми Диловари Зуҳуриёни 46-сола ҳанӯз аз солҳои 2000-ум бо оҳангҳои маъруфе, ки барои Манижа Давлатова, Садриддин Наҷмиддин ва дигар овозхонони номдори тоҷик навиштааст, шинохта шуд.

Вай муаллифи оҳангҳои маъруфи "Дили дардманд", "То ҳастаму ту ҳастӣ"-и Манижаи Давлат, таронаи "Модар" ва "Гӯшаи бом"-и Сироҷиддини Фозил аст. Худаш дар як мусоҳибаи имсолаш гуфтааст, ки тақрибан 500 оҳанг эҷод кардааст. Диловари Зуҳуриён чанд моҳи ахир ба ҳайси оҳангсози дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радио фаъолият мекард.

XS
SM
MD
LG