Ссылки доступа

Варзишкорони қазоқистонӣ ба далели коронавирус аз сафарҳои хориҷӣ маҳрум шуданд


Вазорати тандурустии Қазоқистон ба далели густариши вабои коронавирус варзишкорони кишварро аз сафар ба хориҷ маҳрум кард.

"Дар робита ба болоравии омори беморӣ дар саросари дунё, бо ҳадафи назорати ҷиддии марзҳо ба варзишкорон иҷозат дода намешавад, ки дар мусобиқаҳо ширкат кунанд. Ҳамзамон парвозҳо бо Украина, Имороти муттаҳидаи арабӣ, Олмон ва Белорус кам карда шаванд", - омадааст дар хабари вазорати тандурустии Қазоқистон.

Тими мунтахаби футболи Қазоқистон, бошгоҳи баскетболи "Остона" ва бошгоҳи хоккейи "Барис" тибқи ҷадвали аз қабл муайншуда мусобиқа доранд. Эҳтимол дорад, ки ба сафари ин тимҳо ба таври истисно иҷозат дода шавад.

Бино ба иттилои мақомоти он кишвар, рӯзи 18 октябр 102 ҳолати мубталошавӣ ба вабои коронавирус сабт гардида, ба ин тартиб шумори умумии мубталоён дар он кишвар ба 109 ҳазору 508 кас расидааст.

XS
SM
MD
LG