Ссылки доступа

15 ҳазор омӯзгори Алмато иловапулии ваъдагии президентро ҳанӯз дарёфт накардаанд


Дар шаҳри Алмато ҳудуди 15 ҳазор омӯзгор иловапулии 25-дарсадиеро, ки президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ваъда карда буд, то ҳол дарёфт накардаанд. Ин хабарро дар Идораи маорифи Алмато 19 октябр тасдиқ карданд.

"Барои пардохти ин иловапулӣ аз буҷаи ҷумҳуриявӣ ба мо пул ҷудо нашудааст. Пули буҷаи шаҳр ба далели он ки дар мо шумори омӯзгорон афзоиш дода шудааст, нарасид. Мо барои ҷудо кардани маблағи иловагӣ дархост фиристодем. Дархост қабул шудааст ва пул рӯзҳои наздик ҷудо мешавад", - гуфт мудири бахши молияи Идораи маорифи Алмато Одил Оторбоев.

Омӯзгорони Алмато иловапулӣ барои моҳҳои августу сентябрро дарёфт накардаанд. "Ҷамъан ҳаҷми иловапулӣ барои ду моҳ наздики 2 миллиард танга ($4,6 млн.) аст", - афзуд Оторбоев.

Ҳафтаи гузашта дар гуруҳи "Қазақстан ұстаздари" дар Facebook шикояти омӯзгорони Алмато аз пардохт нашудани маошашон нашр шуд. "Бо буҷаи ҷумҳуриявӣ чӣ шуда бошад? Агар омӯзгорон дар Алмато маошро дер дарёфт кунанд, вазъ дар минтақаҳо чи гуна бошад? Аз буҷаи ҷумҳурӣ барои моҳи сентябр ҳанӯз пул ҷудо нашудааст", - навишт корбари қазоқ Айя Куанишева.

Дар Идораи маорифи Алмато гуфтанд, омӯзгорон моҳонаи худро гирифтаанд ва танҳо иловапулӣ пардохт нашудааст.

Бар асоси қонун "Дар бораи мақоми омӯзгор"-и Қазоқистон, моҳонаи муаллимон дар ин кишвар аз моҳи январи соли 2020 бояд 25 дарсад зиёд шавад. Маоши омӯзгорон бо дастури Қосимҷомарт Тоқаев боло бурда шуд.

XS
SM
MD
LG