Ссылки доступа

Сарвазири Қирғизистон гуфт, дар сурати тағйири қонун дар интихоботи президентӣ ширкат мекунад


Иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон, сарвазири он кишвар Содир Ҷабборов дар мусоҳиба бо телевизиони "Россия 24" гуфт, ки омода аст, дар интихоботи президентӣ ширкат варзад.

Вай ҳамзамон дар ин мусоҳиба гуфт, ки Конститутсияи кишвараш ба вай иҷозаи номзад шудан ба мақоми президентиро намедиҳад.

"Бино ба Конститутсия, касе, ки иҷрокунандаи вазифаи президент аст, наметавонад дар интихобот ширкат варзад. Дар ҳоли ҳозир порлумон ба тағйир додани қонунгузории интихоботи порлумону президент омода мешавад. Агар дар натиҷаи ин тағйирот қонунгузорӣ иҷозаи иштирок дар интихоботро бидиҳад, ман номзад хоҳам шуд. Аммо айни ҳол дар ин бора суҳбат кардан барвақт аст, дар ин бора тасмим гирифта нашудааст", - гуфт Ҷабборов.

Пештар аз ин созмонҳои мудофеи ҳуқуқи Қирғизистон гуфта буданд, ки бино ба моддаи 68-уми Конститутсияи Қирғизистон, касоне, ки иҷрокунандаи вазифаи президенти кишвар ҳастанд, наметавонанд, интихоботи пеш аз муҳлати порлумонӣ таъйин кунанд, ҳукуматро ба истеъфо фиристанд, ба мақоми президентӣ номзад шаванд.

Буҳрони сиёсие, ки дар Қирғизистон баъди интихоботии порлумонии рӯзи 4 октябр сар зад, боиси истеъфои президент, раиси порлумон ва раиси ҳукумат - сарвазир шуд. 16 октябр порлумони он кишвар истеъфои президент Сооронбой Ҷеенбековро қабул кард. Содир Ҷабборов, ки дар пайи эътирозҳои рӯзҳои 5-6 октябр аз зиндон озод шуд, аз сӯи порлумон сарвазир интихоб гардид ва баъди истеъфои Ҷеенбеков ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаҳои президенти он кишвар таъйин шуд.

XS
SM
MD
LG